Ту аз дур омадӣ, аз дури дуриҳо
Нигоҳат ташнагиҳои муҳаббат дошт
Садоят ташнагиҳои саодат дошт
Ту аз дур омадӣ, аз дури дуриҳо
Зи худ вораставу бо дил напайваста
Дили сад бор, дили сад бор бишкаста
Маро дарёфтӣ аз шеърҳои дардолудам
Ки аз дурии ту ҳам ҷону дил, ҳам хома фарсудам
Пас аз чандин ғам овардан
Пас аз қадди расоямро хам овардан
Чӣ гӯям баҳри таскину тасаллоят
Чӣ посух месозад баҳри тазаррову таваллоят